Гоҳе мо мехоҳем замонро мутаваққиф кунем ва ҷилави гузаштани вақтро бигирем. Орзу мекунем, ки беҳтарин рӯзҳои зиндагиамон бештар идома дошта бошад.
Лаҳзаҳое мешавад, ки мехоҳем, манзараҳои ҷолиб ва ҷаззоберо ки танҳо назоракунандааш ҳастем, барои наздикон ва бастагонамон ҳам намоиш бидиҳем ва ҳодисаеро, ки шоҳиди он шудаем, барои дигарон таъриф кунем.
Мехоҳем, аз ҳар лаҳзаи зиндагиамон хотирае дошта бошем ва талош мекунем, агар ин лаҳазот аз шодӣ ва сурури мо бошад, чизеро ба ёдгор нигаҳ дорем.
Имрӯзҳо ин кор хеле сода аст. Бо гирифтани акс ё наворе мо метавонем беҳтарин лаҳзаҳои зиндагимонро барои ҳамеша бо худ дошта бошем. Акс баёнгари эҳсосот ва нишондиҳандаи ғам, шодӣ ва нишоти мост.
Барои гирифтани акси хуб, аккос бояд диди хубе дошта бошад. Чашми “бино” ва зеҳни “ҷӯё” калиди муваффақияти аккос аст. Ин гуфта дуруст аст, ки агар аз як манзара чанд нафар акс бигиранд, банудрат мешавад ҳамоҳангӣ ва ҳамрангӣ дар ин аксҳо дид. Чун ҳар аккос диди худро дорад ва ба ашё аз зовияи худ нигоҳ мекунад. Ва ҳатто агар чанд нафар аз як дурбин истифода кунанд, боз ҳам наметавонанд акси ҳамсон бигиранд, чун аз дурбин шинохтҳои мухталиф доранд.
Ман дар донишгоҳи текникӣ дарс хондаам. Аммо аз даврони донишомӯзӣ ба аккосӣ шавқ ва дилбастагии зиёде доштаам.
Ҳамеша дар ҷустуҷӯ ҳастам ва мекӯшам аксҳоям гӯёи ҳарфи тоза бошанд.
Гирифтани акс ҳам энержӣ ва ҳам диққат мехоҳад. Аммо баъд аз дидани акс, агар дар он худро муваффақ бибинӣ, аз ин муваффақият ду баробар бештар энержӣ мегирӣ.
Гузориши мусаввари ин сафҳа дар коргоҳи омӯзишии гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, таҳия шудааст.