Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Намоди рангини тоҷикон
Парвонаи Фирӯз

Ҳунари бофандагии тоҷикон ба унвони қавме, ки дар имтидоди бахши азими Ҷоддаи абрешим қарор доштанд, аз дербоз шинохта шудааст. Атлас дар миёни порчаҳоест, ки тоҷикон рӯйи тору пӯди он нақшу нигори вижаи худро бофтаанд. Аз ин ҷост, ки тайи чандин сада тоҷикон атласи абрешимиро ба масобаи матоъи миллии худ мешиносанд ва имрӯз ҳам арӯси тоҷикро наметавон бидуни либоси атласӣ тасаввур кард.

Дар даврони шӯравӣ низ Тоҷикистон корхонаҳои мутаъаддиди тавлиди атлас дошт ва фаровардаҳои ин корхонаҳо дар берун аз Тоҷикистон низ ба фурӯш мерафт. Коршиносони ин ришта дар Тоҷикистон дар бораи фаровонии тавлидоти “Хуҷандатлас”, яке аз умдатарин корхонаҳои тавлиди атлас, мегӯянд, ки бо порчаҳои бофтаи он мешуд шаш бор даври кураи Заминро пӯшонд. Сарфи назар аз дахолати давлати шӯравӣ дар наҳваи либоспӯшии мардум, атлас дар миёни занони тоҷик ҳамчунон роиҷ ва маҳбуб монд.

Саноеъи андаки Тоҷикистон, ки як кишвари умдатан кишоварзист, дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ шадидан осеб дид ва корхонаҳои санъатии маъдуде, ки дар ин ҷумҳурӣ вуҷуд дошт, аз ҷумла “Хуҷандатлас”-и маъруф аз фаъолият бозмонданд.

Аз як сӯ, шумори муштариёни фаровардаҳои ин корхона башиддат уфт карда буд ва аз сӯи дигар, таҳияи нахи абрешим, ки лозимаи тавлиди атласи тоҷикист, тақрибан номумкин шуда буд. Афзун бар он, Ӯзбакистон, ҳамсояи тавонмандтари Тоҷикистон, порчаҳои атласи худро ба қимате арзонтар вориди бозорҳои Тоҷикистон кард, ки он ҳам ба мушкилоти санъати нассоҷии Тоҷикистон меафзуд. Ба гуфтаи масъулони корхонаи “Хуҷандатлас”,  иллати арзонии атласи ӯзбакӣ бофту таркиби он аст, ки бар хилофи атласи тоҷикӣ абрешими холис нест.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти атлас дар фарҳанги тоҷикӣ тайи солҳои ахир дар ростои эҳёи атласи тоҷикӣ гомҳое бардошта шудааст. Баргузории озмуни мавсум ба “Атлас” аз ҷумлаи ин иқдомот аст. Дар ин озмун дӯзандагони чирадаст бо истифода аз порчаи атлас либосҳои мудерн медӯзанд ва ба намоиш мегузоранд.

Яке аз аҳдофи ин озмун ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба порчаи миллӣ аст. Барои иртиқои ҷойгоҳи ин порчаи тоҷикӣ рӯзи 16 апрел рӯзи атлас эълом шудааст. Масъулони корхонаи “Хуҷандатлас” ҳам умедворанд, ки бо чирагӣ бар мушкилоти молишон дубора аз тамоми зарфияти ин корхона кор бигиранд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.