Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Шашмақом дар мусиқии тоҷикӣ
Парвонаи Фирӯз

Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди саршиноси тоҷик, беш аз 40 сол аст, ки аз умдатарин чеҳраҳои муъосири мусиқии суннатии тоҷикӣ ба шумор меояд.

Бо ин ки ӯ фориғуттаҳсили донишкадаи тарбияти муъаллими шаҳри Хуҷанд аст, аммо аз оғоз ояндаи дурахшони худро дар саҳнаи ҳунар дид ва ҳамон ҷо мондагор шуд.

Аз ҳунари ӯ ба анҳои мухталиф тақдир шуда ва шояд ҳеч як аз ҳунармандони тоҷик натавонистааст пилакон (зинаҳо)-и ифтихорро басуръат ва рафъати Ҷӯрабеки Мурод боло биравад.

Дар замони шӯравӣ унвони “Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ” нудратан ба овозхонони ғайрирус эъто мешуд. Аммо Ҷӯрабеки Мурод аз зумраи ҳамон афроди нодири ғайрирусе буд, ки ин унвонро дарёфт кард.

Вай дар тӯли чиҳил соли фаъъолияти ҳунариаш ҷавоизи бисёре бурдааст; аз ҷоизаҳои мусобиқоти Душанбе ва Маскав ва озмунҳои байнулмилалии ҳунармандони ҷавон гирифта, то ҷавоизи давлатии Камоли Хуҷандӣ ва Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон.

Вай ба беш аз 25 кишвари ҷаҳон сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода ва шуморе аз он кишварҳо ҳам ӯро сазовори ҷавоизи худ донистаанд.

Китоби нути оҳангҳои Ҷӯрабеки Мурод таҳти унвони “Сад суруди Ҷӯрабек” мунташир шудааст, ки ин ҳам дар Тоҷикистон аз рӯйдодҳои нодир маҳсуб мешавад.

Ҷӯрабеки Мурод дар даврони Шӯравӣ дар ҳамаи 15 ҷумҳурии иттиҳодия консерт гузошта ва ба забони мардумони он сарзаминҳо овоз хондааст. Аммо доноёни мусиқӣ дар Тоҷикистон Ҷӯрабеки Муродро бештар аз ҳама ба хотири хадамоташ дар заминаи мусиқии суннатии тоҷикӣ мавсум ба “Шашмақом” меситоянд.

Худи устод Ҷӯрабек бо ин ки дар гузашта оҳангҳои мардумӣ ва поп ҳам хондааст, ба алоқа ва пойбандии худ ба Шашмақом меболад ва мегӯяд:

“Шашмақом мусиқии суннатии тоҷикон аст, ки аз дурнои торихи ин миллат, аз миёни сахтӣ ва тундбодҳо гузашта ва ба таври муъҷизаосое ба рӯзгори мо расидааст. Торихи дақиқи пайдоиши он барои мо равшан нест. Дӯстдорони ин мусиқӣ мегӯянд, ки шояд асолати он бо шукӯҳи ҳунари Борбади Марвазӣ пайванд бихурад.”

“Дар ҷаҳон андак миллатеро метавон пайдо кард, ки ба андозаи Тоҷикистон соҳиби созҳои мутанаввеъи мусиқӣ бошад. Ҳамин танаввуъи созҳо боъис шуд, ки дастгоҳҳои “Шашмақом” эҷод шавад ва шуъаро ҳам бо истифода аз забони гуҳарбори порсӣ барои он каломе дилнишин бинависанд. Шашмақоми мо панҷсад сол пеш ду баробар буда, яъне “Дувоздаҳмақом” буда ва дар садаи 15 мелодӣ ба “Шашмақом” тақлил ёфтааст.”

“Намояндагони барҷастаи адаб ва мусиқии тоҷик, чун Ҳусейн Сайид Аҳмадии  Ғижжакӣ, Алии Танбурӣ, Шодии Самарқандӣ, Дарвешъалии Чангӣ, Ғуломи Шодӣ, Абдуллоҳи Навоҳӣ, Кавкабии Бухороӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ, чи аз лиҳози назарӣ ва чи аз лиҳози корбурдӣ, дар ривоҷи ин навъи мусиқӣ саҳми боризе доштаанд.”

Ҷӯрабеки Мурод сохтори Шашмақомро ин гуна тавзеҳ медиҳад: 

“Шашмақом”, ҳамон гуна ки аз номаш бармеояд, аз шаш мақом ё дастгоҳ мураккаб аст: мақомҳои бузург, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ. Ҳар кадом аз ин мақомҳо бахшҳои мухталифе дорад.”

“Баъзан барои иҷрои як бахши кӯчаки андарунӣ як ҳунарманд маҷбур аст, то сӣ дақиқа бидуни танаффус овоз бихонад. Матни сурудҳои Шашмақом аз осори шуъарои клосик, аз Рӯдакӣ гирифта то Нақибхон Туғрал, гулчин шудааст.”

“Ба назари ман, Шашмақом ҳам ҷанбаи ғайбӣ дорад ва оҳангҳои он аз қудрат ва ҷаззобияти аз он бархурдор аст, ки аз фаросӯи зеҳну ҳастӣ дар вуҷуди ҳунармандон нозил шудааст. Ҳунарманд бояд ҳатман ба мазмуни оҳанг ва матн ворид бошад ва аз тариқи иттисоли ногусастанӣ ин ду унсур садо барорад. Ин се унсур, яъне оҳангу матну овоз, ба иттифоқи ҳам дар сурати иҷро  ва гузиниши дуруст эъҷози ин мусиқии арширо бозтоб медиҳад.”

"Шунидам, ки чун қуе зебо бимирад", сурудаи дуктур Мехдӣ Ҳамидии Шерозӣ
  Бо садои устод Ҷӯрабеки Мурод

 


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.