Саргузашти уперо ва боле дар Тоҷикистон бо бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравии собиқ гиреҳ хурда ва аз ҳамин рӯ пруфесур Низом Нурҷонов китоби арзандаи худ “Уперо ва болеи Тоҷикистон”-ро аз соли 1929 оғоз мекунад. Дар воқеъ, дар ҳамин сол буд, ки нахустин истудиюи теотри музиколи мудерни Тоҷикистон ба раҳбарии ҳунарманде бо номи Алии Ардобӯс поярезӣ шуд.
Аммо пойтахти навпои Тоҷикистон, ки он замон номаш Столинобод буд, аз имконоти лозим бархурдор набуд ва ин истудию як сол баъд ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуд ва бар пояи он нахустин ҳунаристони мусиқӣ созмон ёфт. Донишомӯзони ҳунаристон навохтани пиёну (пианино), созҳои миллӣ ва овоз хондану рақсиданро фаро мегирифтанд ва дар рустоҳои атроф ҳунарнамоӣ мекарданд ва даромади ҳосил аз намоишҳо шароити моддии будубош ва таҳсилашонро фароҳам мекард.
Соли 1931 нахустин давраи омӯзишии ин ҳунаристон ба поён расид ва Авнер Муллоқандов, Ғаффор Валаматзода ва Фозил Солеҳов дар зумраи нахустин фориғуттаҳсилони ҳунаристон буданд, ки баъдан соҳиби ному ҷойгоҳе рафеъ дар ҳунари уперо ва болеи Тоҷикистон шуданд.
Бо ин ки нахустин теотри ҳирфаии мудерни Тоҷикистон як теотри дром буд, тақрибан дар ҳамаи намоишномаҳои он аз созу овоз ва рақс баҳра мегирифтанд, ки маъмулан навоқиси намоишнома ва бозии ношиёнаи ҳунарпешагонро ҷуброн мекард. Ин тамошоҳо, ки ба фарҳанги бумии мардум наздик буд, ҷалби таваҷҷуҳ мекард. Аз ин рӯ, ҳамаи ҳунарпешагони теотр дар он давра рақсу овозхонӣ ва навозандагӣ ҳам балад буданд. Аммо дар соли 1933 мақоми ин теотр мушаххас шуд ва он расман як теотри дромотик ном гирифт ва дигар музикол набуд. Ва он ҳамон теотри Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе аст, ки имрӯза маъруфтарин теотри Тоҷикистон ба шумор меояд.
Дар канори теотри Лоҳутӣ як гурӯҳи вижаи мусиқӣ ҳам созмон ёфт ва ба изофаи ҳунармандони ҷавони маҳаллӣ, ҳунарпешагону мусиқидонони тоҷике аз Хуҷанду Самарқанду Бухоро ба ин гурӯҳ ҷалб шуданд, ки Туҳфа Фозилова, Шариф Бобокалонов, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, Насимҷон Пӯлодов ва Ҳомид Саидаҳмадов аз ҷумлаи онҳо буданд. Дар поиз (тирамоҳ)-и соли 1934 буд, ки теотри музиколи яҳудитаборони Самарқанд ҳам ба таркиби гурӯҳи мусиқии теотрии Тоҷикистон пайваст, чун забонаш форсӣ буд. Яҳудитаборони порсигӯи Осиёи Миёна дар пешрафти теотри мусиқӣ ва уперои Тоҷикистон нақши басазое доштанд. “Тухми муҳаббат”, “Дохунда”, “Бегим кӣ буд?”, “Иди колхозӣ” ва “Восеъ” аз маъруфтарин намоишномаҳои музиколи тоҷикӣ тайи он солҳо буд. Бавижа намоишномаи музиколи “Восеъ” ба қалби бинандагон роҳ ёфт, чун бархоста аз таҷрубиёти мардуми маҳал буд. Восеъ номи деҳқоне буд, ки соли 1885 алайҳи истибдоди амири Бухоро ба по хоста ва қиёми фарогире роҳ андохта буд. Пас аз по гирифтани ҳукумати Столин ва эъмоли барномаҳои “миллатсозӣ”-и ӯ, ки қасд дошт садҳо қавми Шӯравиро ба миллати воҳиди “шӯравӣ” табдил кунад, намоишномаи “Восеъ” аз барномаи теотри музиколи тоҷик ҳазф шуд ва Ғанӣ Абдуллоҳ, нависандаи ин намоишнома, ба гароишҳои зиддишӯравӣ муттаҳам ва боздошт шуд. Дар канори Ғанӣ Абдуллоҳ 16 тани дигар аз ҳунарпешагон ва ҳунармандони теотри Лоҳутӣ равонаи зиндон ё табъид шуданд. Дар натиҷа вақфае маҳсус дар фаъъолиятҳои теотри музиколи тоҷик падид омад.
Аммо дар авҷи ҳамон солҳои хафақони столинӣ ҳукумати Тоҷикистон филормунӣ ва пажӯҳишгоҳи мусиқии ҷумҳуриро таъсис кард ва барои пур кардани халае, ки бар асари сиёсатҳои саркӯбгаронаи столинӣ дар муассисоти фарҳангӣ падид омада буд, ҳунарпешагон ва мусиқидонҳоеро аз ҷумҳуриҳои дигар ба Тоҷикистон фаро хонд. Дар натиҷа, авохири даҳаи 1930-ро метавон давраи эъмоли султаи теотри русӣ бар тоҷикӣ тавсиф кард. Бо вуруди ҳунарпешаҳо ва коргардонони рус ба Тоҷикистон муҳтавои барномаҳои теотр дастхуши таҳаввулоте бунёдин шуд ва намоишномаҳои русию фарангӣ ба барномаи теотри музиколи тоҷикӣ роҳ ёфт. Ноқили ин фарҳанг Евгений Прокофйев, устоди ҳунари теотри Русия буд, ки соли 1936 ба Тоҷикистон омад ва донистаҳояшро ба ҳунармандони тоҷике чун Туҳфа Фозилова, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Авнер Муллоқандов, Бурҳон Тӯраев, Рено Ғолибова ва Ҳалим Тоиров мунтақил кард.
Аммо ин бахши китоб саропо марбут ба уперо ва овозхонии уперост. Дар бахши болеи он мехонем, нахустин болерянҳои тоҷике, ки ба нуки ангуштони пояшон истодаанд, А. Азимова ва Ф. Собирова дар соли 1939 будаанд. (Яке аз ишколҳои китоби “Уперо ва болеи Тоҷикистон” ин аст, ки номи афродро ба таври комил намеоварад ва ғолибан ба сарҳарфи номи онҳо иктифо мекунад.) Аммо дар ин миён номҳои Туҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидоваро метавон шинохт, ки барои солҳо дар Тоҷикистони шӯравӣ ба унвони ситораҳои уперо матраҳ буданд.
Бо оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва гусели мардҳои Шӯравӣ ба ҷабҳа ғолибан занон буданд, ки дар саҳна монда буданд. Соли 1942 Евгений Крепс аз Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон омад ва ҳамроҳ бо Габриэл ал-Регистон намоишномаи меҳанпарастонаи “Суруди хашм”-ро рӯи саҳна бурд. Дар тӯли панҷ ҳафта намоишномаро тамрин карданд ва рӯзи ҳафтуми нувомбр ба муносибати бисту панҷумин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Уктубр онро намоиш доданд.
Ин намоишнома дар феҳрести барномаҳои омӯзишии идеулужик барои мардуми Осиёи Миёна буд: Иброҳим як размандаи тоҷик буд, ки ба асорати олмониҳои нозӣ меуфтад. Бар асари шиканҷа ӯ биноиашро аз даст медиҳад ва вақте ба рустояш бармегардад, ҳамроҳ бо мардуми деҳ “суруди хашм” алайҳи душманони меҳани шӯравиро сар медиҳад.
Бисёре аз намоишномаҳои музикол ва уперои тоҷик дар оғози фаъъолияти теотри уперо ва болеи Садриддин Айнӣ дар Душанбе шӯравигароёнаву бегонаситезона ва баъдан ҳомили нишонаҳои боризе аз “ҷанги сард” буданд. Аммо дар ин миён ситораҳое дурахшиданд, ки дурахшандатарини онҳо барои ҳамеша дар ёдҳо нишаст: Малика Собирова.
Малика номи бомусаммое дошт, чун дар умри кӯтоҳи 39-солааш бар тораки болеи тоҷик дурахшид ва зеботарин иҷроҳоро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он ба намоиш гузошт. 18 сол дошт, ки вориди саҳнаи боле шуд ва андаке нагузашта, ном овард ва ба фурӯзонтарин ситораи болеи тоҷик табдил шуд. ҶадидОнлойн дар бораи корномаи Малика Собирова дар гузашта муфассалтар навиштааст, ки дар бахши “Матолиби муртабит” метавонед бибинед.
Ба ҳар рӯй, ҳунари уперо ва боле аз роҳ расида буд ва ҳунаре буд, ки русҳо дар даҳаи 1930 дар ҷараёни инқилоби фарҳангии русӣ, ки “шӯравӣ” унвон мешуд, вориди Осиёи Миёна карданд. Дар ин миён тоҷикҳо ҷойгоҳи вижае ёфтанд, ба гунае, ки имрӯз ҳам Фаррух Рӯзиматови тоҷик аз беҳтарин рақсандаҳои болеи Русия ба шумор меояд.
Интишори китоби нафиси донишномаии “Уперо ва болеи Тоҷикистон” (“Опера и балет Таджикистана”) барои кишваре, ки солҳост дар ин замина интишори дархури таваҷҷуҳе надоштааст, як рӯйдоди муҳим аст. Нависандаи ин китоб, пруфесур Низом Нурҷонов, аз машҳуртарин ҳунаршиносони тоҷик аст, ки то кунун осори мутаъаддиде дар бораи ҳунари теотр ба чоп расонда. Аммо ҷои китоби “Уперо ва болеи Тоҷикистон”, ки торихи ҷомеъи ин ришта аз ҳунари Тоҷикистонро бозгӯ кунад, холӣ буд. Бо ин ки китоб ба забони русӣ мунташир шуда, дар Тоҷикистон танҳо марҷаъи муътабар дар мавриди уперо ва болеи ин кишвар ба шумор меояд.
Тақсими мавзӯъоти ин китоб ба мадхалҳо метавонист онро табдил ба донишномае тамомъайёр кунад; чун шомили тамоми рӯйдодҳо ва шахсиятҳои марбут ба уперо ва болеи Тоҷикистон аз даҳаи 1930 то соли 2009 аст. Аммо нависанда ривояти достонгунаро тарҷеҳ дода ва муҳтавои китобро ба шаш мавзӯъи пайдоиши теотри музиколи тоҷикӣ, ташаккули теотр, уперо, боле, сафарҳои ҳунарӣ ва дурнамои навсозии теотри уперо ва боле бахш кардааст.
Афзудани барномаи ҳамаи иҷроҳои теотри музикол ва теотри уперо ва болеи шаҳри Душанбе аз соли 1934 то соли 2009 ба ин китоб аҳаммияти торихӣ ва ҳунарии бештар додааст. Нигоҳе ба ин барнома ва татбиқу қиёси теъдоди намоишномаҳое, ки тайи ин солҳо рӯи саҳна рафтаанд, намое куллӣ аз сарнавишти теотри уперо ва болеро тарсим мекунад. Теъдоди намоишномаҳо дар оғози кор (соли 1934) як адад бештар набудааст ва ҳамин гуна, дар давраи мутааххиртар (соли 2008) танҳо як намоишнома рӯи саҳнаи теотри уперо ва болеи Садриддин Айнӣ рафтааст. Ва ин ҳамон теотрест, ки дар даҳаҳои 1950 то поёни 1980 солона шаш то даҳ намоишномаро рӯи саҳна мебурд.
Китоби “Уперо ва болеи Тоҷикистон” ҳамаи ин мавридҳоро зикр карда, аммо аз як вижагии китобҳои донишгоҳӣ ё донишномаӣ маҳрум аст, ки дар поён феҳресте аз асомию амокин ва рӯйдодҳои муҳимро надорад.
Опера и балет Таджикистана
Низом Нурджанов
Душанбе, 2010
422сс