Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҳиҷоб дар мадрасаҳо

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 11.09.2007 мунташир шуда буд

Дар гузашта ҳам дар Тоҷикистон теъдоди зиёде аз занонро мешуд дид, ки рӯсарӣ ба сар доштанд, вале ҳиҷобу мақнаъа аз ҷумлаи тозатарин падидаҳои фарҳангиву иҷтимоъии ин кишвар аст, ки тайи чанд соли ахир мавриди иқболи чашмгири занон воқеъ шудааст.

Таваҷҷуҳи мақомот ба ин падида танҳо замоне ҷалб шуд, ки теъдоде аз духтарон бо ҳиҷобу мақнаъа дар клосҳои худ ҳозир шуданд, ки бо либоси якдасти донишомӯзон дар давраи шӯравӣ таноқузи ошкор дошт. Вокуниши мақомот ба ин фароянд, мумонеъат аз вуруди духтарони муҳаҷҷаба ба муассисоти омӯзишӣ ва ҳатто ихроҷи онҳо аз мадорис ва донишгоҳҳо буд.

Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон, ки худро посдори арзишҳои исломӣ дар кишвар медонад, нигарони чизест, ки нақзи озодии баён унвон мешавад. Ба гуфтаи масъулони ин ҳизб дар устони Суғд, ҳамасола бо оғози соли таҳсилии нав мавориди бархурди масъулони мадорис бо духтарони муҳаҷҷаба такрор мешавад.

Майсара Зоҳидова, модари як духтари муҳаҷҷабаи тоҷик мегӯяд, фарзанди ӯ, ки дар клоси панҷуми мадрасаи шаҳраки Исфисор таҳсил мекард, ба хотири риъояти ҳиҷоб аз  мадраса ронда шуд. Олим Ҳомидов, аз масъулони Ҳизби Неҳзати Исломӣ дар Суғд мегӯяд, ин як мавриди нодир нест ва духтарони бисёре ба ҳамин далел аз мадорис ихроҷ шудаанд.

Қонуни асосии Тоҷикистон риъояти пӯшиши хоссеро тавсия ё мамнуъ намекунад. Аммо ахиран Вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон зимни судури дастуре ҷудогона вуруди донишомӯзонро ба мадорис бо либоси мазҳабӣ мамнуъ кард. Дар натиҷа бархе аз омӯгорони муҳаҷҷаба низ аз ҳаққи кор дар мадорис маҳрум мондаанд. Бароат Домуллоева, омӯзгори забони инглисӣ ва Ҳуриннисо Азимова, муъаллими риёзиёт аз қарияи Қистакӯз, мегӯянд, ки ба иллати пойбандиашон ба ҳиҷоби исломӣ наметавонанд дар мадорис шуғле пайдо кунанд.

Ахиран дар як рӯйдоди бесобиқа як донишҷӯи муҳаҷҷаба, ки ба хотири пӯшишаш аз таҳсил дар донишгоҳи забонҳои шаҳри Душанбе маҳрум шудааст, алайҳи ин донишгоҳ ва Вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон иқомаи даъво кардааст. Мақомоти вазоратхона тасмими худро муғоир бо Қонуни асосӣ намедонанд, дар ҳоле ки вакили мудофеъи ин донишҷӯ судури як чунин дастур ва таъйини пӯшиши афродро берун аз салоҳиятҳои як вазоратхона медонад.

Мунтақидони ин иқдоми давлат мегӯянд, дар кишваре, ки теъдоди мусалмононаш беш аз навад дарсад аст, мамнуъияти ҳиҷоб ва рӯсарӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар ва маҳдудияти озодиҳои иҷтимоъии мардум ба шумор меояд. Вале мақомот муътақиданд, ки ҳар ҷое пӯшиши хосси худашро дорад: бо либоси мазҳабӣ бояд ба амокини мазҳабӣ рафт, бо либоси варзишӣ ба варзишгоҳ ва ҳамин тавр бо либоси муносиб барои донишгоҳ ба донишгоҳ.

Парвонаи Фирӯз гузориши мусаввире дар ин бора таҳия карда, ки дар боло мебинед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.