Ошӯбҳои хиёбонии Ландан ва чанд шаҳри дигари Инглистон аз зеҳнҳои бешуморе кор мекашад, то ангезаҳои вуқӯъи онро равшан кунанд. Дар ин миён омилҳои бисёреро баршумурдаанд, ки шояд дар бурузи ин ҳаводис корсоз буда ва шояд ҳам на; аз талош барои расидан ба зиндагии беҳтар гирифта, то маҳрумияти иҷтимоъӣ, коҳиши ҳазинаҳои иҷтимоъии давлат, заъфи нерӯи пулис, нажодпарастӣ, фарҳанги ҷомеъаи масрафӣ, фурсатталабӣ, бепадарӣ, фарҳанги рап (rap)-и безеҳкорона ва фанновариҳои наву шабакаҳои иҷтимоъӣ, ҳама зери заррабин рафтаанд, то саҳмашон дар рӯйдодҳои ахир тадқиқ шавад. Барои намуна, Комило Ботмонқилиҷ, равоншиноси эронӣ ва бунёнгузори созмони хайрияи кӯдакон мавсум ба Kids Company дар Бритониё, дар матлабе дар рӯзномаи “Индепендент”-и Ландан ҷомеъаи саршор аз сарват, аммо мамлувв аз нобаробариҳои иҷтимоъиро омили аслии ин рӯйдодҳо арзёбӣ карда, ки гӯё дар он шаъну ғурури навҷавонони надор ҳамвора таҳқир мешавад. Аммо дар ошӯбҳои ахир танҳо ақшори маҳруми ҷомеъа набуданд, ки ба оташсӯзӣ даст ёзиданд ва дороиҳои шаҳрро ба яғмо бурданд, балки баръакс, ба бовари Мориян Фитзҷеролд, кайфаршиноси Донишгоҳи Кент, “ақшори маҳрум маъмулан дар баробари ошӯбҳо осебпазиртаранд” ва “маҳрумияти иҷтимоъӣ” сирфан як баҳона аст, то як омил.
Бепадариро ҳам дар феҳрести авомиле овардем, ки ин рӯзҳо мавриди баҳсу гуфтугӯҳост. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, бештари безеҳкорони ҷавони Бритониё падарашонро дар кӯдакӣ ё навҷавонӣ ба гунае аз даст додаанд ва дар давраи ҳассоси зиндагишон фоқиди як улгуи мард будаанд. Ҳузур дар ғорату чаповул ва ошӯбҳои шаҳрӣ дар пиндори ин писарбачаҳо роҳест барои таборузи шаҳомати мардона.
Отии Дастгир, равоншиноси эронии муқими Ландан, авомили бисёреро дар ин рӯйдодҳо дахил медонад, вале муҳимтарини онҳоро “таваҷҷуҳхоҳӣ” ё “талош барои дида ва шунида шудан” унвон мекунад. Вай бо ин таъкид, ки ҳеч омиле наметавонад рафтори зиддииҷтимоъии навҷавононро тавҷеҳ кунад, чанд омили эҳтимолии дигар дар рӯйдодҳои ахирро бармешумурад: камбуди эҳсоси масъулият ва ҳурмати амволи ҷамъӣ ё хусусии дигарон, ихтилол дар ниҳоди хонавода, камбуди ҳисси вобастагӣ ба як ҳамбудгоҳ ё маҳалла ва воҳиди иҷтимоъӣ ва камбуди инзиботу қонунпазирӣ. Ба бовари ӯ, афроде, ки интизоми ҷамъиро ба ҳам мезананд, ҳатман дорои уқда (комплекс)-ҳое ҳастанд, ки ба пешинаи онҳо бармегардад.
Аммо чигуна аст, ки ҷавонони базоҳир муаддаби дирӯз имрӯз аз шикастани панҷараи фурӯшгоҳҳо ва дуздидани дору надори онҳо ибое надоранд? Марзи равову нораво барои ин даста аз афрод аз куҷо мегузарад?
Хонум Дастгир мегӯяд, агар ҳамин навҷавононро батанҳоӣ рӯбарӯи ин фурӯшгоҳҳо қарор бидиҳед, бештарашон даст ба амале табаҳкорона нахоҳанд зад. Ин ҳисси иттиҳоду ҳамбастагӣ бо гурӯҳе касир аз безеҳкорон аст, ки заминаи анҷоми ҷароимро фароҳам мекунад. Чун хатари амале мухотираомез, агар тавассути ҷамъ анҷом бигирад, дар издиҳом таҳлил меравад; чун фард пуштгарми ҳимояти анбӯҳе аз ҷамъият аст.
Порае аз суҳбатҳои ду ошӯбгари 17-солаи рӯйдодҳои ахири Ландан, ки дар расонаҳои Бритониё пахш шуд, буъде дигар аз қазияро равшан мекунад: ду духтари навҷавон мехоҳанд, ки бесарусомонӣ фардо ҳам идома дошта бошад, то битавонанд ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки онҳо аз касеву чизе тарс надоранд. Яке аз ин ду духтар мегуфт: “Мо мехоҳем ҳама бидонанд, ки пулис ҳам наметавонад монеъ аз чизе бишавад, ки мо мехоҳем”. Вале ин хостаҳо чи ҳастанд? Ғорату чаповул ё хостае дархури баррасӣ?
Дар ошӯбҳои Инглистон хостае матраҳ нашуд. Базоҳир худҷӯш буд ва аз даруни эътирозе мусолиматомез ба қатли Морк Догон (Mark Duggan), як безеҳкори 29-солаи шимоли Ландан тавассути пулис, берун ҷаст; ба гунае, ки ҷамъияти муътариз дар баробари истгоҳи пулиси Тутенҳом Ҳейл истода буданд ва аз пулис мехостанд иллати куштани ӯро мушаххас кунад. Пулис ҷавоби дурусте надод. Шуморе ҳам дар ҳамин асно чанд худравро ба оташ кашиданд ва фурӯшгоҳҳоро ба ҷурме номаълум муҷозот карданд. Ошӯб ҷараққа хурду ба ақсо нуқоти Инглистон доман густард ва пулиси хушхими инглисро ғофилгир кард ва мавриди интиқоду истеҳзо қарор дод. Ба гунае, ки рӯзномаи “Провдо”-и чопи Маскав навишт: «Гумон намеравад, ки бритониёиҳо битавонанд бо шигирдҳои демукротики маъмулӣ ин мушкилро ҳал кунанд. Дар бисёре аз мавридҳо онҳо гаравгони кеши таҳаммулу тасомуҳи худашон ҳастанд, ки ба ҳадди номаъқулу музҳике бод кардаанд”.
Тасомуҳу таҳаммул дар баробари чи қишр ё гурӯҳе? Чи чизе нуқтаи иштироки ин ошӯбгарон буд? Шояд “варзхӯд”-ашон бошад.
“Варзхӯд”-ро эҳтимолан дар ҳеч китоби фарҳанге пайдо накунед, аммо мураккаб аст аз ду вожаи “варзиш” ва “хӯд” (кулоҳ). “Кулоҳи либоси варзишии кулоҳдор” шарҳи муфассали ин вожа аст. Дар забони инглисӣ ба ин кулоҳ, ки ба баданаи жокети умдатан варзишӣ васл аст “ҳуд” (hood) гӯянд, ҳамтабор бо “хӯд”-и порсӣ, ки дар забонҳои ҳиндуурупоии дигар ҳам ба шакле мушобеҳ боқист. Ва он жокети варзишии кулоҳдорро ба инглисӣ “ҳудӣ” (hoodie) гӯянд, ки торихи кӯтоҳе дорад ва аз даҳаи 1990 мелодӣ бад-ин сӯ мутадовил шуда. Аммо дар даҳаи 1930 буд, ки тарроҳони пӯшиши омрикоӣ бо илҳом аз болопӯши роҳибон “хӯдӣ”-ро вориди бозор карданд. Вале танҳо дар даҳаи 1970 буд, ки “хӯдӣ” ҳамроҳ бо мусиқии ҳип-ҳопи Нйу-Йурк бозоргир шуд. “Хӯдӣ” ё жокети варзишии кулоҳдор аз ҳамон оғоз дар миёни афроде, ки дӯст доштанд нодидаву ношинохта бимонанд, маҳбуб шуд. Ва ин даста аз афрод ҳам маъмулан касоне буданд, ки кори хилоф мекарданду мегурехтанд ва сояву шамоилашон дар тасвирҳои дурбинҳои мадорбаста мемонд. Дастикам дар Бритониё чунин буда, ки боъиси бадгумонии ҷомеъа ба афроди “хӯдпӯш” шудааст. Ба ҳамин далел ҳам буда, ки дар соли 2005 фурӯшгоҳи “Блувотер” дар маркази Кент вуруди муштариҳои хӯдпӯшро мамнӯъ кард, бо ин ки худи ин марказ анвоъу ақсоми пӯшок бо “варзхӯд”-ро ба фурӯш гузошта буд. Мухолифат бо сарпӯши шабеҳи кулоҳи роҳибон ба суфуфи давлат ҳам рахна кард ва шуморе аз давлатмардон “варзхӯд”-ро намое аз хатару таҳдид унвон карданд ва хостори мамнӯъияти он шуданд. Ҳатто Тунӣ Блер, нахуствазири вақти Бритониё, дар миёни фаъъолони корзори мубориза бо пӯшиши “хӯдӣ” буд.
Ҳар кунише вокунишеро дар пай дорад. Дар посух ба юриши давлат ба пӯшишҳои хӯддор пӯише мутақобил роҳ уфтод, ки хостори ҳифзи варзхӯд ва ҳимоят аз хӯдпӯшон буд. Лейдӣ Соверин, рапхони ланданӣ, дар раъси онҳо буд, ки таронаи “ҳудӣ”-ашро дар намоиши тасвирии ин сафҳа мешунавед.
Отии Дастгир мегӯяд, либоси “хӯдӣ” (ба маънии “ҳудӣ”) ба ҷавононе, ки эҳсоси камбуди таъаллуқ ба ҷомеъро доранд, ҳисси “худӣ будан” (ба маънои вобаста ба ҷомеъае будан) медиҳад. Яъне ин варзхӯдҳои базоҳир сода барои иддае табдил ба намоди ҳувияте хос шудаанд. Навҷавонони “хӯдпӯш” банохудогоҳ ҳамдигарро худӣ медонанд, то аз “дигарон” ҷудо дида шаванд. Ва мусалламан, дар ошӯбҳое чун рӯйдодҳои ахири Ландан, Бирмингом ва Манчестер либоси хӯддор метавонад барои табаҳкорону безеҳкорон ниқоби муносибе бошад, то ҳувияташонро ҳатталимкон пинҳон доранд.
Онҷело Макробӣ, устоди иртибототи коллеҷи Гулдсмити Донишгоҳи Ландан, либоси варзишии хӯддорро василае барои эҷоди фосила миёни пӯшандаи он ва ҷаҳони марбут ба девону дафтар ва мактабу мадраса медонад, чун ин навъ пӯшиш дар он маконҳо роиҷ нест. Ҳамон гуна ки мусиқии рап нофармонӣ ва эътирозро таҷлил мекунад, ин навъ пӯшиш ҳам баёнгари ҷудоии пӯшандаи он аз бахшҳои қобили қабулу муътабари ҷомеъа аст. Яъне ҳам мусиқии мавриди алоқаи ин ҷавонон ва ҳам пӯшиши маҳбубашон хатару таҳдид ва ҳамчунин ғалаёни хашму ғазаби онҳо аз шароит ва силсиламаротиби иҷтимоъиро бозтоб медиҳад. Эминем, аз маъруфтарин овозхонони рапи Омрико ҳам аз хӯдбарсарони даврони навин аст, ки таронаҳои пур аз хашму ошӯбашро аз зери кулоҳи варзишии гушодаш ба ҷаҳониён фарёд мезанад. Дар воқеъ, овозхонони рап дар тарғиб ва ҷо андохтани хӯди варзишӣ дар Ғарб нақши умдае доранд. Яъне пӯшише, ки дар гузашта бар тани варзишкорон намоди тавоноию қудрат буд, рӯи саҳнаи рап ба намоди хашму хатар табдил шуд ва ҳамин шинохт аз либоси варзишии кулоҳдор буд, ки дар ҷавомеъи ғарбӣ ишоъа ёфт. Ва ин ҷавонакҳои хашмгин, ки дар чашми насли ҷавонтар ба қаҳрамонакҳои хиёбонӣ табдил мешаванд, улгуе барои кӯдакону навҷавонони дигар дар интихоби пӯшиш ҳастанд. Аз соли 2005 бад-ин сӯ либосҳои варзишии “хӯдӣ” барои навзодон ҳам вориди бозор шудааст.
Донишварону андешамандони Бритониё аз арсаҳо ва ниҳлаҳои фикрии гуногун ин рӯзҳо саргарми таҷзияву таҳлили решаҳо ва ангезаҳои ошӯбҳои ахиранд, ки ҳамаро ғофилгир кард; на танҳо ҳамсояҳои дуру наздики Бритониёро, ки ин кишварро маҳди назму инзибот медонистанд, балки худи мардуми ин кишварро ҳам, ки тайи сӣ соли ахир бо рӯйдоде ба ин андоза такондиҳанда мувоҷеҳ нашуда буданд. Ба навиштаи маҷаллаи “Экунумист”-и ин ҳафта, вокуниши нахусти бисёре аз мардуми Бритониё ба ин рӯйдодҳо чизе ҷуз шармсорию сарафкандагӣ набуд. Гузашта аз садҳо милюн пунд хисорати ношӣ аз ин ошӯбҳо, ҳарҷумарҷи моҳи ут (август)-и 2011 “эътибори Бритониёро дар саросари ҷаҳон лаккадор карда ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси худшиносии мардуми кишварро то ҳадди зиёде мухтал кардааст”.
Расонаҳои иҷтимоъӣ ҳам дар ин моҷаро бедардисар намондаанд. Агар иҷтиҳод дар ниҳоди пулиси Бритониё ҳам раво буд, ба эҳтимоли зиёд, шабакаҳои иҷтимоъии Твитеру Фейсбук ва телефунҳои ҳамроҳро аз “олоти муштарака” ё абзорҳои думанзура эълом мекарданд, ки метавонад ҳам манбаъи хайр бошаду ҳам сарчашмаи шарр. Дуруст ба монанди созҳои мусиқӣ дар Эрони пас аз инқилоб, ки хариду фурӯшашон бо фатвое муҷоз дониста шуд.
Ин маслиҳатро метавон дар расонаҳои иҷтимоъии Фаранг ҳам дид. Ба дунболи ошӯбҳои ахир дар Инглистон, ки тасовираш ҷаҳонро дарнавардид, мақомоти пулис бо қотеъият эълом карданд, ки шабакаҳои иҷтимоъии маҷозӣ аз муҳимтарин омилҳои бурузи ошӯб будаанд. Чун ба гуфтаи онҳо, афроди безеҳкор аз тариқи ин расонаҳо, масалан, омоҷи ҳамларо бо ҳам ҳамоҳанг кардаанд. Ва дар айни ҳол, дар хабарҳои тозатар мехонем, ки пулиси Ландан дар ҳоли баҳрабардорӣ аз Твитер ва дигар расонаҳои иҷтимоъист, то битавонад ҳувияти безеҳкорони хиёбонии рӯйдодҳои ахирро мушаххас кунад. Пас расонаҳои иҷтимоъиро наметавон умм-ул-фасоди достон ангошт. Бароянди мантиқии “истифто ва иҷтиҳод”-и фарзии фавқ ин аст, ки ишкол дар нафси шабакаҳои иҷтимоъии маҷозӣ нест, балки наҳваи корбурду баҳрагирӣ аз онҳо метавонад ҷанбаи манфӣ ё мусбат дошта бошад; мусибат биофаринад ё мусибатзудоӣ кунад. Оё, ба назари шумо, абзорро бояд маломат кард ё шеваи корбурди онро?