“Телефунсохт” истилоҳи номаънусест, аммо шояд аз ин ба баъд “телефунсохт” ё “ҳамроҳсохт” тадовул пайдо кунад; бавижа дар мавриди филмҳое, ки бо истифода аз дурбини телефуни ҳамроҳ таҳия мешаванд. Рӯзи 16 десомбр (декабр) дар шаҳри Лус-Онҷелес нахустин филми ҳунарии сохташуда бо дурбини телефуни ҳушманди Nokia-N8 рӯи парда меравад. Мубтакири ин тарҳ Ҳумани Халилӣ, филмсози эронитабори Омрикост ва Патрик Жил, коргардони омрикоӣ, дар сохтани филми “Зайтун” бо ӯ ҳамкорӣ кардааст.
“Зайтун” достони духтарбачае даҳсола аст, ки дар зиндагии се тан ҳузур меёбад ва бидуни ин ки сухане ба забон оварад, зиндагии як пиразани бадхулқ, як марди фарбеҳ ва як муҳоҷирро, ки мекӯшад худашро бо зиндагӣ дар Омрико вифқ диҳад, дигаргун мекунад. Халилӣ мегӯяд, ки достони филм бо илҳом аз пӯёнамоӣ (мултфилм)-и “Сеқулуҳои Белевил” (2003) навишта шуда, ки бекалом паёмашро иблоғ мекунад.
Чархаи таблиғи филми “Зайтун”-ро умдатан Ҷино Рулондз (Gena Rowlands), бозигари нақши пиразани бадхулқ, мегардонад. Ин ҳунарпешаи баноми ҳаштоду яксола ду бор ба дарёфти Ускор номзад шуда ва барандаи ҷоизаи “Кураи тилоӣ” (Golden Globe) барои беҳтарин бозигари зан дар соли 1974 аст. Халилӣ дар бораи чигунагии ҷалби Ҷино Рулондз ба ин тарҳ ба хабаргузориҳо гуфтааст:
“Мо филмномаро барояш фиристодем ва ӯ ба ман гуфт: “Дар тӯли ҳафта ман шаш филмнома мехонам ва дар тӯли сол шояд яке аз онҳоро бипазирам ва нақше иҷро кунам. Ин филмнома бисёр хуб аст, вале шумо бояд манро мутақоъид кунед, ки дар ин филм бозӣ кунам”. Ман ҳамонҷо нишастам ва тайи яку ним соъат ҳар чи дар дил доштам, ба ӯ гуфтам. Ӯ пешниҳоди манро пазируфт, аммо на ба хотири пулаш. Ӯ рӯҳи вораста дорад ва хушаш омад, ки ин нахустин филми телефунсохт аст”.
Филми “Зайтун” аз он лиҳоз ҳам ҳоизи аҳаммият аст, ки созандагони он мустақилланд ва ҳазинаи сохташро ҳеч студиюи ғулосои омрикоӣ напардохтааст. Дар оғоз Ҳумани Халилӣ тарҳашро бо ширкати Nokia дар миён гузошт, бо ин пиндор, ки шояд ҷанбаи таблиғотии филм, ки бегумон ба суди Nokia аст, ин ширкати финлондиро ба пардохти ҳазинаи филм мутақоъид кунад. Дар посух як дастоҳ Nokia-N8 дарёфт карду бас. Ва дигар, паёмҳояш бепосух монд. Саранҷом Крис Келӣ (Chris Kelly), аз мақомоти масъули пешини Фейсбук, ба додаш расид ва ҳудуди 500 ҳазор дулор ба ин тарҳ ихтисос дод. Филми “Зайтун” бо ҳамин маблағ сохта шуд ва дар миёни филмҳое, ки чашм ба ҷоизаи Ускори 2012 дӯхтаанд, аз ҷумлаи камҳазинатаринҳост. Бозии Рондӣ Зукерберг, мудири пешини бозорёбии Фейсбук ва хоҳари бунёнгузори ин шабакаи иҷтимоъӣ, дар ин филм пайванди миёни “Зайтун” ва Фейсбукро муҳкамтар мекунад. Худи Крис Келӣ ҳам дар ин филм нақши “мудири бонк”-ро бозӣ мекунад, ки бо нақши ӯ дар сохтани ин филм ҳамхон аст.
Бузургтарин комгорие, ки Ҳумани Халилӣ то кунун дар арсаи филмсозӣ дошта, таҳияи як огаҳӣ барои барангехтани мардуми Омрико ба рафтан пои сандуқҳои раъйи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2008 буда. Ин видеу дар торнамои YouTube беш аз панҷ милюн боздид доштааст. Аммо дар Сан-Фронсиску Ҳумани Халилиро бештар ба унвони гардонандаи барномаи бомдодии “Соро ва Винӣ” мешиносанд, ки маъмулан бо чеҳраҳои саршиносе чун Стинг, Ҷон Тровулто, Том Ҳанкс, Леунорду Дикоприю, Ҷулиён Мур, Эд Ҳарис, Ҷурҷ Лукос ва дигарон ҳамнишину ҳамсуҳбат мешавад. “Зайтун” нахустин кори Ҳумани Халилӣ ба унвони коргардони як филми ҳунарии баланд аст.
Филми “Зайтун”, ки ба шевае ғайримутаъориф сохта шуда, мехоҳад ба ҳамин шева ҳам ба садҳо синемои Омрико роҳ ёбад. Чун ҳеч студиюи муҳимме пушти ин тарҳ нест, созандагони филм тасмим гирифтаанд аз тариқи торнамои сармоягузорӣ ё тамвили Kickstarter ҳазинаи тавзеъи филм барои синемоҳои Омрикоро фароҳам кунанд. Онҳо ба ҷамъоварии 300 ҳазор дулор чашми умед дӯхтаанд, аммо то бомдоди панҷшанбе, 15 десомбр, танҳо 12 дарсади он хоста бароварда шуда буд ва гумон намеравад, ки аз ин роҳ маблағи матлуб ҳосил шавад. Чун сиёсати Kickstarter ба гунаест, ки агар сад дарсади сармояи лозим дар муддате муъайян ҳосил нашавад, ба мутақозӣ як қирон ҳам пардохт нахоҳад шуд. Халилӣ гуфтааст, ки чашми умедаш ба муъҷиза аст. Аммо зоҳиран муъҷиза фақат шомили ҳоли таҳияи филм шуда, на таҳияи ҳазинаи тавзеъ ва намоиши он дар синемоҳои мутаъаддид.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа, ки аз тасвирҳои панҷ дақиқаи нахусти филм ва видеуи наҳваи таҳияи филм сохта шуда, чигунагии иҷрои ин тарҳи хориқулъодаро хоҳед дид. Оҳанги “Дӯстони пиндорӣ”-и Бен Лир, ки аз унсурҳои филми “Зайтун” аст, ин гузоришро ҳамроҳӣ мекунад.
Ирсоли матлаб